МД "Мактаби махсуси варзиш оид ба футбол" - и шаҳри Бохтар

  • Home
  • Tajikistan
  • Kurgan-Tyube
  • МД "Мактаби махсуси варзиш оид ба футбол" - и шаҳри Бохтар

МД "Мактаби махсуси варзиш оид ба футбол" - и шаҳри Бохтар Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from МД "Мактаби махсуси варзиш оид ба футбол" - и шаҳри Бохтар, Art, Вилояти Хатлон, Kurgan-Tyube.

10/08/2026

10 август - рӯзи варзишгарони Тоҷикистон

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОНИмрӯз миёни дастпарварони Муассисаи давлатии "Мактаби махсуси ва...
08/08/2026

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз миёни дастпарварони Муассисаи давлатии "Мактаби махсуси варзиш оид ба фктбол"-и шаҳри Бохтар мусобиқаи футбол баргузор гардид. Дар мусобиқа наврасони солҳои таваллудашон 2019 ва 2020 миёни ҳам рақобат намуданд.

Ҳадаф аз баргузории мусобиқа ҷалби кӯдакону наврасон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди малакаву маҳорати футболбозӣ ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон мебошад.

Дар рафти мусобиқа футболбозони хурдсол маҳорати варзишӣ, чолокӣ, суръат ва ҳамкории даставии худро нишон дода, барои ба даст овардани ғалаба талош карданд. Мусобиқа дар фазои дӯстӣ ва рақобати солим баргузор шуда, ба кӯдакон имкони хуби санҷидани маҳорати худ ва баланд бардоштани таҷрибаи варзишӣ фароҳам овард.

Мусобиқаи мазкур дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон баргузор гардида, аз таваҷҷуҳи кӯдакону наврасон ба футбол ва варзиш дарак медиҳад.

ГУЗАРОНИДАНИ СУҲБАТ АЗ ҶОНИБИ МУРАББИЁНПеш аз оғози ҳар як машқу тамрин мураббиён вазифадоранд бо варзишгарон сӯҳбати кӯ...
08/08/2026

ГУЗАРОНИДАНИ СУҲБАТ АЗ ҶОНИБИ МУРАББИЁН

Пеш аз оғози ҳар як машқу тамрин мураббиён вазифадоранд бо варзишгарон сӯҳбати кӯтоҳ гузаронанд. Дар рафти сӯҳбат ба варзишгарон қоидаҳои футбол, интизоми варзишӣ, техникаи бехатарӣ, одоби рафтор, масъулияти варзишгар ва дигар масъалаҳои марбут ба машғулиятҳо фаҳмонида шаванд.

МАШҚУ ТАМРИНҲОИ ДАРВОЗАБОНОНИ МДММВФ-И Ш. БОХТАР
07/08/2026

МАШҚУ ТАМРИНҲОИ ДАРВОЗАБОНОНИ МДММВФ-И Ш. БОХТАР

07/08/2026

10 АВГУСТ– РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ: РОҲЕ АЗ ЭҲЁ ТО ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢДар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ вар...
05/08/2026

ВАРЗИШИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ: РОҲЕ АЗ ЭҲЁ ТО ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ варзиши тоҷик роҳи пурпечутоб, вале пурифтихореро тай намуд. Агар дар солҳои аввали Истиқлолият мушкилоти иқтисодӣ ва оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба рушди ин соҳа таъсири манфӣ расонида бошад, пас имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои варзишгарони бомаҳорат, инфрасохтори рӯ ба рушд ва таҷрибаи баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ эътироф гардидааст. Варзиш имрӯз барои Тоҷикистон танҳо рақобати варзишӣ нест, балки омили таҳкими саломатии ҷомеа, тарбияи насли наврас, муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ ва василаи таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад.
Имрӯз ҳазорҳо кӯдакону наврасони тоҷик вақти худро дар майдонҳои варзишӣ сипарӣ мекунанд. Ин на танҳо барои омода намудани қаҳрамонҳои оянда, балки барои ташаккули ҷомеаи солим аҳамияти бузург дорад. Варзиш ҷавононро аз таъсири омилҳои номатлуб дур нигоҳ дошта, онҳоро ба зиндагии фаъол ва солим ҳидоят мекунад. Маҳз ҳамин аст, ки имрӯз рушди варзиши оммавӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Бо ташкили мусобиқаҳои оммавӣ, марафонҳо, чорабиниҳои варзишӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим шумораи шаҳрвандоне, ки ба машқҳои мунтазам машғул мешаванд, сол аз сол меафзояд.

АЗ СОЛҲОИ ДУШВОР ТО МАРҲИЛАИ ЭҲЁ

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои тамоми бахшҳои ҷомеа, аз ҷумла варзиш, давраи озмоиши ҷиддӣ буданд. Бисёр муассисаҳои варзишӣ бо камбуди маблағ, таҷҳизот ва мутахассисон рӯ ба рӯ шуданд. Дар баъзе минтақаҳо фаъолияти мактабҳои варзишӣ маҳдуд гардида, иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ низ коҳиш ёфт.
Бо барқарор шудани сулҳу субот ва оғози марҳилаи созандагӣ давлат рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ муайян намуд. Қабули барномаҳои давлатӣ, такмили қонунгузорӣ, таъсиси федератсияҳои соҳавӣ ва ҷудо гардидани маблағҳои бештар барои рушди соҳа заминаи воқеии пешрафтро фароҳам овард.
Имрӯз натиҷаи ҳамин сиёсати пайгирона дар ҳама гӯшаву канори мамлакат эҳсос мешавад. Агар чанд даҳсола пеш барои машқу тамрини ҷавонон имкониятҳои маҳдуд вуҷуд доштанд, имрӯз қариб дар ҳар шаҳру ноҳия майдончаҳои футбол, толорҳои варзишӣ, маҷмааҳои муосир ва мактабҳои махсуси варзишӣ фаъолият доранд.

ИНШООТИ ВАРЗИШӢ - ЗЕРБИНОИ МУВАФФАҚИЯТ ДАР СОҲАИ ВАРЗИШ

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бе инфрасохтори муосир ба даст овардани натиҷаҳои баланд ғайриимкон аст. Тоҷикистон низ дар ин самт корҳои назаррасро анҷом додааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо варзишгоҳ, толори варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва майдончаҳои замонавӣ сохта ва азнавсозӣ шуданд. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баъди таҷдид ба яке аз беҳтарин майдонҳои футболи минтақа табдил ёфт. Дар Душанбе Маҷмааи Қасри теннис ва варзишҳои обӣ, Қасри яхбандӣ, марказҳои омодасозии олимпӣ ва толорҳои муҷаҳҳази муҳорибаҳои якка фаъолият доранд.
Ҳамзамон сохтмони Варзишгоҳи миллӣ идома дошта, баъди ба истифода супурдани он Тоҷикистон имкони қабули мусобиқаҳои боз ҳам сатҳи баландтари байналмилалиро пайдо хоҳад кард. Дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар низ даҳҳо маҷмааҳои варзишӣ бунёд гардида, барои рушди варзиши оммавӣ шароити мусоид фароҳам омадааст.

ДАСТОВАРДҲОЕ, КИ ТОҶИКИСТОНРО БА ҶАҲОНИЁН МУАРРИФӢ НАМУД

Нишондиҳандаи асосии пешрафти ҳар кишвар натиҷаҳои варзишгарони он мебошанд. Дар ин самт Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.
Бузургтарин дастоварди таърихи варзиши тоҷик соли 2016 ба қайд гирифта шуд. Варзишгари маъруф Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро медали тилло ба даст оварда, нахустин қаҳрамони олимпии Тоҷикистон гардид. Ин пирӯзӣ исбот намуд, ки варзишгарони тоҷик метавонанд бо беҳтарин намояндагони ҷаҳон рақобат кунанд. Қабл аз ин пирӯзӣ варзишгарони Тоҷикистон низ дар Бозиҳои олимпӣ соҳиби медал гардида номи Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд. Медали нуқраи Юсуф Абдусаломов, медали биринҷии Расул Боқиев ва баъдан медали биринҷии Мавзуна Чориева дар Олимпиадаи Лондон саҳифаҳои дурахшони таърихи варзиши тоҷикро ташкил медиҳанд.
Дар солҳои охир паҳлавонони тоҷик дар риштаи ҷудо низ натиҷаҳои назаррас нишон дода истодаанд. Темур Раҳимов, Сомон Маҳмадбеков, Кароматулло Ҳакимов, Обид Ҷебов, Комроншоҳи Устопириён ва дигарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ борҳо Парчами давлатии Тоҷикистонро боло бардоштаанд. Дар баробари ҷудо, гӯштин, самбо, бокс, таэквондо, кикбоксинг, варзиши сабук, шоҳмот ва дигар намудҳои варзиш низ рушди назаррас дошта, намояндагони кишвар пайваста дар мусобиқаҳои Осиё ва ҷаҳон соҳиби ҷоизаҳои гуногун мегарданд.

ПЕШРАФТИ ФУТБОЛ - НИШОНАИ МАРҲИЛАИ НАВ

Футбол имрӯз яке аз маҳбубтарин намудҳои варзиш дар Тоҷикистон мебошад. Дар солҳои охир таваҷҷуҳ ба рушди футбол ба маротиб афзуда, академияҳои футбол, мактабҳои махсус ва мусобиқаҳои наврасону ҷавонон фаъолона рушд мекунанд. Бузургтарин дастоварди футболи тоҷик роҳ ёфтани дастаи мунтахаби кишвар ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ва баромади таърихии он то даври чорякниҳоӣ буд. Ин натиҷа нишон дод, ки футболи Тоҷикистон аз марҳилаи рушд гузашта, ба сатҳи нави рақобат расидааст. Ҳамзамон дастаҳои наврасону ҷавонон низ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ натиҷаҳои хуб нишон дода, умеди асосии футболи ояндаи кишвар ба шумор мераванд.

ТОҶИКИСТОН МИЗБОНИ МУСОБИҚОТИ БОНУФУЗ

Имрӯз Тоҷикистон на танҳо иштирокчии мусобиқаҳои байналмилалӣ, балки мизбони чорабиниҳои бузурги варзишӣ низ мебошад. Баргузории мусобиқаҳои байналмилалии Dushanbe Grand Slam аз рӯи ҷудо, мусобиқаҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), чемпионатҳои байналмилалӣ оид ба самбо, гӯштин, бокс ва дигар намудҳои варзиш шаҳодати он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонии варзиш ба имкониятҳои Тоҷикистон эътимод дорад.
Ҳар як чунин мусобиқа на танҳо рақобати варзишӣ, балки василаи муаррифии таърих, фарҳанг, табиати зебо ва меҳмоннавозии тоҷикон мебошад. Дар баробари ин, рушди сайёҳии варзишӣ ва фаъолияти бахши хизматрасонӣ низ вусъат меёбад.

ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА

Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, рушди варзиш тақозо мекунад, ки корҳо боз ҳам тақвият дода шаванд. Омодасозии мураббиёни баландихтисос, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири омодагии варзишгарон, рушди тибби варзишӣ, дастгирии бештар ба варзиши кӯдакону наврасон ва ҷалби сармоягузории хусусӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими солҳои оянда мебошанд. Ҳамзамон, рушди баробари инфрасохтори варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст, дастгирии варзиши занон ва имкониятҳои бештар барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ метавонанд барои кашфи истеъдодҳои нав мусоидат намоянд.

Дар остонаи Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон метавон бо ифтихор гуфт, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои варзиши миллӣ давраи эҳё, ташаккул ва пешрафти устувор гардид. Тоҷикистон имрӯз дорои қаҳрамонҳои олимпӣ, ғолибони чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё, инфрасохтори рӯ ба рушд ва обрӯи баланд дар ҷомеаи байналмилалии варзиш мебошад. Агар ин масир бо ҳамин суръат идома ёбад, метавон бо итминон гуфт, ки дар солҳои наздик варзишгарони тоҷик боз ҳам бештар дар саҳнаҳои ҷаҳонӣ Парчами давлатии Тоҷикистонро парафшон намуда, бо пирӯзиҳои худ номи Тоҷикистони соҳибистиқлолро боз ҳам баланд хоҳанд бардошт.

Умед Раҳмов
Директори Муассисаи давлатии
“Мактаби махсуси варзиш оид ба футбол”-и шаҳри Бохтар

БОЗИИ ДӮСТОНА Дастпарварони Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишӣ оид ба футбол»-и шаҳри Бохтар ҷиҳати баргузории ...
01/08/2026

БОЗИИ ДӮСТОНА

Дастпарварони Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишӣ оид ба футбол»-и шаҳри Бохтар ҷиҳати баргузории бозии дӯстона ба шаҳри Душанбе сафар намуда, бо дастаи «Истиқлол-2» қувваозмоӣ карданд.

Вохӯрӣ дар фазои рақобати солим ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, барои такмили маҳорати техникӣ, омодагии тактикӣ ва баланд бардоштани таҷрибаи бозигарони ҷавон заминаи мусоид фароҳам овард. Дар ҷараёни бозӣ футболбозони ҳар ду даста маҳорати хуб, интизоми бозӣ ва ҳамкории даставии худро ба намоиш гузоштанд.

Ба гуфтаи ҳайати мураббиёни муассиса, чунин рақобатҳои дӯстона дар рушди маҳорати варзишгарони наврас ва омодасозии онҳо ба мусобиқаҳои расмӣ нақши муҳим доранд. Мураббиён аз сатҳи бозии дастпарварон изҳори қаноатмандӣ намуда, иҷрои дастуру супоришҳои тактикӣ ва рӯҳияи баланди даставии онҳоро мусбат арзёбӣ карданд.

МУСОБИҚАИ БАЙНИГУРӮҲИИ ФУТБОЛ ДАР "МАКТАБИ МАХСУСИ ВАРЗИШИ" - И ШАҲРИ БОХТАР ИДОМА ДОРАДДар Муассисаи давлатии «Мактаби ...
31/07/2026

МУСОБИҚАИ БАЙНИГУРӮҲИИ ФУТБОЛ ДАР "МАКТАБИ МАХСУСИ ВАРЗИШИ" - И ШАҲРИ БОХТАР ИДОМА ДОРАД

Дар Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишӣ оид ба футбол»-и шаҳри Бохтар мусобиқаи байнигурӯҳии футбол миёни тарбиягирандагони муассиса идома дошта, ҳар рӯз бо иштироки наврасони синну солҳои гуногун вохӯриҳои ҷолиб баргузор мегарданд.

Имрӯз низ миёни наврасони солҳои таваллуди 2017–2018 рақобати диданиву пуршӯре доир гардид. Ҷараёни бозӣ нишон дод, ки иштирокчиён дорои сатҳи хуби омодагии техникӣ, тактикӣ ва ҳамкории даставӣ буда, барои ба даст овардани пирӯзӣ бо рӯҳияи баланд рақобат намуданд.

Бояд зикр кард, ки мусобиқа ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи варзишгарон роҳандозӣ гардида, ҳадафи он рушди истеъдодҳои ҷавон, такмили малакаҳои варзишӣ ва дарёфти футболбозони болаёқат ҷиҳати ҷалб ба ҳайати дастаҳои мунтахаб мебошад.

Иштироки директори Муассисаи давлатии "МАКТАБИ МАХСУСИ ВАРЗИШ ОИД БА ФУТБОЛ"-и шаҳри Бохтар дар семинари байналмилалӣ да...
30/07/2026

Иштироки директори Муассисаи давлатии "МАКТАБИ МАХСУСИ ВАРЗИШ ОИД БА ФУТБОЛ"-и шаҳри Бохтар дар семинари байналмилалӣ дар базаи техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб аз 20 то 26-уми июни соли 2026.

БОЗИИ РАФИҚОНА ЗАМИНАИ РУШДИ ФУТБОЛБОЗОНИ НАВРАСДар Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишӣ оид ба футбол»-и шаҳри Б...
28/07/2026

БОЗИИ РАФИҚОНА ЗАМИНАИ РУШДИ ФУТБОЛБОЗОНИ НАВРАС

Дар Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишӣ оид ба футбол»-и шаҳри Бохтар мусобиқаи байнигуруҳии футбол миёни тарбиягирандагони муассиса идома дорад.
Мусобиқа ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ба рушди истеъдодҳои ҷавон, такмили малакаҳои варзишӣ ва интихоби футболбозони болаёқат барои ҷалб ба ҳайати дастаҳои мунтахаб нигаронида шудааст.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар даври аввали мусобиқа наврасони солҳои таваллуди 2013–2014 байни ҳам рақобат намуда, сатҳи баланди омодагии техникӣ, тактикӣ ва ҳамкории даставии худро ба намоиш гузоштанд.

Имрӯз низ рақобатҳои ҷолиби варзишӣ дар фазои дӯстона ва пуршӯру ҳаяҷон идома ёфтанд. Ин навбат 10 даста аз ҳисоби наврасони солҳои таваллуди 2015–2016 барои роҳхат ба даври нимниҳоӣ қувваозмоӣ карданд. Дар натиҷаи рақобатҳои пуршиддат, дастаҳои беҳтарин ба марҳилаи навбатии мусобиқа роҳ ёфтанд.

Ба гуфтаи масъулон ва мураббиён, баргузории чунин мусобиқаҳо барои арзёбии сатҳи омодагии футболбозони наврас, такмили маҳорати инфиродӣ, рушди тафаккури тактикӣ ва таҳкими рӯҳияи даставӣ нақши муҳим дорад.

Таъкид карда шуд, ки ташкили мунтазами чунин мусобиқаҳо на танҳо ба рушди оммавии футбол миёни наврасон мусоидат мекунад, балки барои тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ байни варзишгарон ва омода намудани футболбозони соҳибистеъдод ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Address

Вилояти Хатлон
Kurgan-Tyube

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when МД "Мактаби махсуси варзиш оид ба футбол" - и шаҳри Бохтар posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share

Category